Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли равон 3 млрд. 232 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 11,4% ё худ 330 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили ҳудуди 1 млрд. 497 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 95 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 85 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 867 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3% зиёдтар мебошад.. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 365 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,1% бештар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 8 моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 71,8%, мошину таҷҳизот – 49,5%, фулузоти арзон ва маснӯоти он – 20% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 12,2% коҳиш ёфт. Содироти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,3 баробар, маҳсулоти минералӣ – 87% ва металлҳои қиматбаҳо ба миқдори 23,4% афзуд.

Дар ҳамин ҳол, моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 2,5 баробар, маҳсулоти коғазӣ – 2 баробар ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 12,2% зиёд шуд.

Воридоти маҳсулоти нафтӣ аз рӯйи ҳаҷм қариб 50% ва аз рӯйи арзиш 37,5% ва гандум мутаносибан ба андозаи 2,1 баробар ва 70% афзоиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, воридоти гази табиӣ аз ҷиҳати арзиш ба андозаи 10,2 ва аз рӯйи ҳаҷм ба миқдори 22% коҳиш ёфт. Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли гузашта, дар 8 моҳи соли равон воридоти орд ба ҷумҳурӣ аз рӯйи ҳаҷм ба андозаи 42% ва аз ҷиҳати арзиш қариб ба миқдори 50% камтар шуд.

Дар ин давра Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо Русия дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳудуди 650 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар мақоми баъдӣ Қазоқистон (440 млн. $), Чин (413 млн. $), Туркия (370 млн. $) ва Эрон (154 млн. $) қарор доранд.