Директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов зимни конфронси матбуотии имрӯза иттилоъ дод, ки мувофиқи нақшаи корҳои сохтмонӣ, терминали нави фурудгоҳ моҳи ноябри соли оянда мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи вай, айни замон аз ҷониби ширкати фаронсавии Vinci корҳои сохтмонӣ дар терминал босуръат идома дошта, «агар суръати кор ҳамин тавр идома ёбад, аллакай моҳи сентябри соли 2014 ба истифода додани терминали нав аз эҳтимол дур нест».

Номбурда ҳамчунин гуфт, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани терминали нав, барои беҳтар шудани хизматгузориҳо ба мусофирони хатсайрҳои маҳаллӣ аз терминали кӯҳна низ истифода хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли гузашта ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро меафзояд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.