Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то аввали ҳафтаи равон дар майдони беш аз 86%-и нақшаи пешбинишуда пунбадона кишт карда шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 22-юми апрел кишоварзони тоҷик аз майдони 200 ҳазор гектари тибқи нақша пешбинишуда, дар зиёда аз 172 ҳазор гектар кишти пунбадонаро анҷом доданд. Тақрибан дар 6,7 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, барои саривақт ва хушсифат анҷом додани маъракаи кишти пунбадона 402 адад тухмипошакҳо сафарбар шуда, соли равон асосан навъҳои пунбадонаи «Флора», «Кармен», «Намангон», «Истиқлол», «Ҳисор» ва ғайра кишт мешаванд.

Дар вилояти Хатлон то имрӯз аз нақшаи пешбинишудаи 131,2 ҳазор дар зиёда аз 120 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки ба 91,7%-и нақша баробар аст. Деҳқонони шаҳри Қӯрғонтеппаву ноҳияи Сарбанд аз ҳама пештар кишти пунбадонаро пурра ба итмом расониданд. Дар ноҳияҳои Вахшу Қумсангир ва Бохтару Қубодиён маъракаи кишти пунбадона дар арафаи анҷомёбист.

Дар вилояти Суғд аз майдони умумии 61,2 ҳазори барои кишти пунбадона дар соли равон пешбинишуда дар ҳудуди 47 ҳазор гектар кишти пунбадона анҷом дода шудааст, ки ба 77%-и нақша баробар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ аз нақшаи умумии 7,6 ҳазор гектар дар 5 ҳазор гектар гектар пунбадона кишт шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.

Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.