Зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов изҳор намуд, ки фарқи маълумоти омори гумрукӣ миёни Тоҷикистону Чин истифодаи методологияи гуногуни ҷонибҳо зимни таҳияи ин гуна маълумот аст.

Ба қавли ӯ, фарқи омори гумрукии Чин натанҳо бо Тоҷикистон, балки бо дигар собиқ кишварҳои шӯравӣ низ вуҷуд дорад, ки ба гунаи мисол тафровут миёни омори гумуркӣ дар бораи савдои мутақобила миёни Русияву Чин соли гузашта 8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Раҳматов таъкид дошт, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ методогияи тасдиқшуда тибқи созишномаи дахлдор миёни ин кишварҳо мавриди истифода қарор дорад, дар Чин бошад, методологияи тамоман дигар амал мекунад.

Номбурда зикр кард, ки як сол пеш Хадамоти гумрук ба вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди ташаббуси имзои созишнома бо Чин дар бораи табодули маълумот миёни  мақомотҳои гумруки кишварҳо муроҷиат намудааст.

Ба қавли муовини аввали роҳбари Хадамоти гумрук, дар ин самт сабабҳои дигар низ вуҷуд доранд, аз ҷумла воридоти бардурӯғи молҳои Чин ба Тоҷикистон, яъне молҳои ба Тоҷикистон равонагардида дар кишварҳои транзитӣ, дар ин ҳолат дар Қирғизистон бозмемонанд, ки ба ин кор гурӯҳҳои махсус машғуланд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2012 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин 670 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи маълумоти омории мақомоти гумурки Чин, соли гузашта ин нишондиҳанда ба 1,7 млрд. доллари ИМА баробар будааст, яъне фарқ қариб 1 млрд. доллари ИМА бо назардошти ба беш аз 5 млрд. доллари ИМА баробар будани ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ дар соли 2012.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҶТ, нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Чин ҳудуди 275 млн. доллари ИМА-аро ташкил додааст.