Имрӯз ҳайати расмии хадамоти андоз ва гумрукии Бритониё ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин ҳайат гуфтушунид оиди рафъи андозбандии дукарата байни Бритониѐ ва Тоҷикистонро анҷом хохад дод. Гуфтушуниди расмиро сафири Бритониё Робин Орд-Смит ва муовини вазири молия Руҳулло Ҳакимов дар рафти вохӯрии худ ифтитоҳ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, сафири Бритониё қайд кардааст: «Ман хеле шодам, ки имрӯз Бритониё ва Тоҷикистон ба гуфтушунид оиди рафъи андозбандии дукарата оғоз мебахшанд. Ин созишнома як қадами муҳим дар рӯшнои андохтан ба миқдори андозбандӣ барои ширкатҳо хоҳад буд. Инчунин ин созишнома барои равнақ додани тиҷорат ва сармоягузорӣ байни ду кишвар саҳми мусбии худро хоҳад гузошт. Ман умедворам, ки тарафҳо матни созишномаро дар муддати кӯтоҳ қабул менеамоянд. Ин созишнома барои ҳарду, Бритониё ва Тоҷикистон манфиатнок аст».