Корхонаи истеҳсоли намаки Ёвон бозсоз ӣ ва бо техникаи нав муҷаҳҳаз мегардад. Дар ин бора 22-юми июл ба хабарнигорон раиси ноҳия Раҷабалӣ Тағоев иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, корхонаи мазкур тайи чанд соли охир бо сабаби куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоташ аз фаъолият бозмонда буд. «Таҷҳизоти ин корхона аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буданду масрафи зиёди барқро талаб мекарданд. Баъдан корхонаи номбурда барои истеҳсоли намак буғро аз маркази гармидиҳии ноҳия мегирифт, ки ин марказ ҳам солҳои охир фаъолият надорад. Соҳибмулки ин корхона акнун таҷҳизоти нави чиниро васл карда истодааст», - гуфт раиси ноҳия. Ба ҷуз ин, таъкид дошт Тағоев, бо васли таҷҳизоти нави замонавӣ иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб зиёд хоҳад шуд. Таҷҳизоти нави корхона бо хароҷоти кам метавонад намаки ошии хушсифатро истеҳсол кунад.
Ба иттилои ӯ, корхона то моҳи сентябри соли ҷорӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Дар Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҷашн мегиранд
“Шеъраш тасвири зебои шоирона дорад”. Дар Душанбе шаби эҷодии Кӯҳзоди Фатҳулло баргузор шуд
Хоҳиши расмӣ аз Путин: Толибонро аз рӯйхати террористон берун кунед
Зеризаминӣ ё рӯизаминӣ? Дар Душанбе бори дигар масъалаи сохтмони метро баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор гектар замин бе об монд
“Мепурсанд, ки магар наметарсед?”. Кору рӯзгори заноне, ки дар Тоҷикистон ба кирокашӣ машғуланд
Давлаталӣ Саид: Барои бунёди корхона ба як ширкати чинӣ замин ҷудо кунед
Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъкид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста