Дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Мехмет Мунис Дирик ва котиби генералии ЭСКПО-2020 дар шаҳри Измир Селим Токмак, ки рӯзи 29-уми июл дар Душанбе доир гардид, масоили муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, Селим Токмак доир ба вазъи иқтисодиву ҷуғрофии шаҳри Измир, ки аз ҷиҳати бузургӣ шаҳри сеюм ва бандари дуюми Туркия мебошад, маълумот додааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки дар шаҳри Измир ду минтақаи озоди иқтисодӣ ва 14 минтақаҳои индустриалӣ фаъолият доранд. Мавзӯи пешбинишудаи намоишгоҳи ЭСКПО-2020 дар Измир низ рӯзмарра – бахши тандурустӣ аст.