Корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон босуръат ҷараён дошта, аз ҷадвали пешбинишуда 20 рӯз пешравӣ ба мушоҳида мерасад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов зимни нишасти хабарии рӯзи 29-уми июл дар ин робита изҳор кард, ки тибқи лоиҳа ин роҳ ба роҳи дараҷаи баландтарин мансуб буда, ба сифати он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
«Соли гузашта имкон доштем, ки ҳудуди 12 километри ин роҳро асфалтпӯш намоем, вале аз ин кор худдорӣ кардем, то ки қишри хокии омодашуда таҳти таъсири боришот дар фасли зимистон мустаҳкамтар гардад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Ҳакимов, корҳои асфалтпӯшонӣ аз марзи Ӯзбекистон оғоз гардида, айни замон дар 8,2 километр қишри аввали асфалт хобонида шудааст. «Анҷоми корҳои таҷдиди роҳ ахири соли оянда дар назар аст», - афзуд вазир.
Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли гузашта бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд.
Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст. Баҳри таҷдиду бозсозии он 186 млн. $, аз ҷумла 120 млн. воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд, 39 млн. $ маблағҳои ҳукумати Тоҷикистон ва 27 млн. $ қарзи Бонки аврупоии таҷдиду рушд ҷудо гардидааст. Паймонкори кулли лоиҳа ширкати чинии «Чайна роуд» интихоб шудааст, ки аз таҷрибаи зиёди корӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор аст.
Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.
Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд. Тибқи нақшаи таҷдиду бозсозии роҳ, ҳудуди 300 оила ба ҷойҳои нав кӯчонида шуданд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста