Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид чанде қабл бо роҳбари ҶДММ «Финконсулт»-и гурӯҳи консалтингии IDP Марко Корвел гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ширкати зикршуда ба таҳлили молиявӣ ва тартиботи роҳандозии он, мониторинги лоиҳавӣ, арзёбии омилҳои нархгузорӣ, омӯзиш дар бахши баҳисобгирии муҳосибиву аудит ва ҳамчунин пшниҳоди хизматгузориҳои аудити дохилӣ машғул буда, аз таҷрибаи 15-солаи корӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор аст.

Ба иттилои манбаъ, яке аз лоиҳаҳои амалишудаи ширкат дар Тоҷикистон тавассути баргузории таҳлил ва мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ шомил кардани КМ «Апрелевка» ба номгӯи ширкатҳои биржаи Лондон мебошад. Дар ширкат мутахассисони сатҳи байнулмилалӣ ва донандаи хуби бозори ватанӣ фаъолият доранд.

Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз талабот ба баргузории аудит, раиси ПСС ҶТ пешниҳод кардааст, ки миёни аъзои Палата дар шаҳри Душанбеву вилоятҳои Хатлон ва Суғд семинар-муаррифиномаи ширкат созмон дода шавад.

Дар навбати худ Марко Корвел изҳор намудааст, ки як қатор ширкатҳои аврупоӣ бо мақсади харидории мева, чормағз ва маснӯоти бофандагӣ ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтанианд.