Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди беш аз 6 млрд.  691 млн. сомонӣ (беш аз 1,2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4,1% зиёдтар аст.

Дар Агентӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар навбати аввал ба афзоши ҳаҷми истеҳсол дар маҳсулоти нафтӣ ва истеҳсолоти корхонаҳои бахши энергетика марбут медонанд.

Зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ истихроҷи ангишт беш аз 280 ҳазор тонна, ангишти бӯр 71 ҳазор тонна, истихроҷи нафт зиёда аз 21 ҳазор тонна ва гази табиӣ ҳудуди 3,2 млн. метри мукаабро ташкил дод.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 12,3, саноати коркард – 66,3 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 21,4%-ро ташкил додааст.

Аз 90 навъи маҳсулоти саноатии муҳим тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар 50 номгӯи он (55,6%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 27 номгӯй (30%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 13 номгӯи маҳсулот (14,4%) истеҳсол нашудаанд.

Дар ин давра аз 1 ҳазору 80 адад корхонаҳои саноатии ҳисоботдеҳ дар 693 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, 123 корхона аз оғози сол аз фаъолият бозмондаанд. Аз ҷумла, дар ин давра бинобар сабаби мавҷуд набудани гази табиӣ фаъолияти корхонаҳои бузурге чун КМ «Азот» ва ҶДММ «Тоҷиксемент» қатъ гардида буд.