Дар зарфи 9 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 2,8%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархҳо ба маводи ғизоӣ ба андозаи 1,8%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 5,5% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ ба миқдори 1,7% зиёд шуданд.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо моҳи август нархҳо ба маҳсулоти ғғизоӣ 0,4%  ва маҳсулоти ғайриғизоӣ 0,4% афзудааанд.

Тибқи пешгӯии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,5% пешбинӣ мешавад. Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифтааст.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.