Ба санаи 21-уми октябри соли ҷорӣ кишоварзони 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 60 ҳазору 710 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳудуди 92%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Сарагрономи Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Раҷабалӣ Кулабеков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пешсафони маъракаи ҳосилғундорӣ дар минтақа деҳқонони ноҳияи Данғара мебошанд, ки то имрӯз ба миқдори 97,1%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, кишоварзони минтақа бидуни мушкилот нақшаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро, ки 69 ҳазору 383 тоннаро ташкил медиҳад, ба иҷро хоҳанд расонид. «Суръати имрӯзаи ҷамъоварии ҳосил нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 148 тонна бештар буда, обуҳаво устувор ва нарх ҳам ба нахи пахта соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта баландтар аст», - афзуд номбурда.