Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Kont Bank Investment дар Тоҷикистонро маҳдуд кард.

Сухангӯйи Kont Group Tajikistan  Далери Абдулло ин маълумотро ба ОИ «Азиия-Плюс» тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки ин тасмим ҳанӯз моҳи март дар робита ба таҳримҳои Раёсати назорат аз болои дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА (аввали соли 2013) нисбати бонк гирифта шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба даст доштан дар паҳнкунии аслиҳаи қатли ом Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали дороиҳои Kont Investment Bank ва молики он Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистонро боздошт намуда буд.

Сухангӯи Kont Group Tajikistan дар оғози фаъолият муассиси бонк будани Занҷониро инкор намекунад, вале изҳор медорад, ки дар натиҷаи муносибатҳои бозаргонӣ як шаҳрванд Туркия соҳиби 100%-и саҳмияҳои бонк гардид.

Котиби матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи қарори Раёсати БМТ, аз 28-уми март фаъолияти бонк дар самти кушодани филиалҳо ва иштирок дар имзои созишномаҳо бо мизоҷони муассисаҳои қарздиҳӣ маҳдуд карда шуд.

Далери Абдулло мегӯяд, маҳдуд кардани фаъолияти бонк маънои онро надорад, ки фаъолият бонк дар қаламрави Тоҷикистон комилан қатъ шудааст ва бонк мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва меъёрҳои банулмилалӣ бо риояи ин маҳудиятҳо фаъолият дорад.

«Ғайр аз ин, раҳбарияти бонк ҷиҳати бекор шудани маҳдудиятҳо ба Вазорати молияи ИМА ва намояндагии диполматии ИМА дар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро ирсол намуда, боварӣ дорем, ки ояндаи наздик ин маҳудиятҳо бекор карда мешаванд», - гуфт ӯ.

Kont Investment Bank дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис дода шуд. Фаъолияти бонк ба сармоягузорӣ ва пешниҳоди қарзҳо нигаронида шудааст. То ҳанӯз дар манотиқи ҷумҳурӣ бонк маъруфият касб накарда, айни замон асосан дар шаҳри Душанбе фаъолияти густурда дорад.

"Kont Investment Bank" ба Бобак Занҷонӣ тааллуқ дошта, тобистони соли 2011 дар Душанбе таъсис ёфтааст ва муассисаш ширкати "Kont Kosmetik" аст, ки дар Туркия ҷойгир аст.  Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз "Kont Investment Bank" ҳамчунин соҳиб имтиёзи ширкатҳое чун "Asian Express Airline", Kont Buil-ding, "Asian Express" аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Аввали моҳи майи соли равон раҳбарияти Kont Investment Bank муносибат доштани бонк бо тоҷири эронӣ Бобак Занҷониро рад намуда, изҳороти Вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи амали дороиҳои бонкро беасос шуморида буд.