Ба санаи 30-юми сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба семоҳаи дуюми ҳамин сол 10% ва семоҳаи сеюми соли гузашта  15,1% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар робита ба қонеъ намудани талаботи иқтисод бо пули нақд мебояд гуфт, ки дар семоҳаи ахир суръати гардиши пул каме коҳиш ёфта, 7% (ҳамин давраи соли гузашта – 7,2%)-ро ташкил додааст. «Сатҳи таъминоти иқтисод бо асъор тамоили болоравиро касб намуда, дар зарфи 9 моҳи соли равон ба 23,5% (ҳамин давраи соли гузашта – 21,9%) баробар шуд», - иттилдоъ медиҳад БМТ.

Зикр мегардад, ки афзоиши устувори ҳаҷми пул дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ба зиёдшавии ҳаҷми амонат бо асъори миллӣ вобаста буда, бақияи умумии пасандозҳо дар низоми бонкии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои семоаҳи сеюми соли ҷорӣ 5,3 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта 13,5% бештар мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли равон ҳаҷми пули нақди дар  муомилот қарордошта дар Тоҷикистон муодили 3 млрд. 765,1 млн. сомонӣ шудааст, ки дар қиёс бо аввали сол 557 млн. 55 ҳазор сомонӣ ё худ ба андозаи 14,8% зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми умумии пул дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ (агрегати М4) бо шумули агрегати М3 ва амонатҳои бемуҳлат 9 млрд. 126 млн. 561 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба оғози сол 1 млрд. 170 млн. 746 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Ба иттилои БМТ, ғайр аз ин, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба беҳбуди фаъолияти низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад. Бақияи қарзҳо аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюм 7,1 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 37,9% зиёдтар мебошад.