Нимаи дуюми имрӯз нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов директори генералии ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Банк Шуро ба ҳузур пазируфта, дар вохӯрӣ масоили амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, ҷонибҳо ба масъалаи ҷараёни сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Оқилов аз раҳбарияти ширкати Чин даъват ба амал овард, ки ба корҳои оғози сохтмони лӯлаҳои интиқоли гармӣ суръат бахшида шуда, бунёди иншооти тақсимоти гармӣ дар фурсатҳои наздик ба итмом расонида шавад», - гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе»-2» дар доираи созишномаи сеҷониба миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА» (Чин) ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» бунёд мегардад.

Бояд зикр кард, ки МБГ-и Душанбе-2 бо иқтидори 100 МВт дар ду навбат бунёд гардида, фаъолияти он аз тариқи истифодаи ангиштсанг ба роҳ монда мешавад.

Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали марказ то оғози зимистони имсола дар назар аст.  Барои кори 1 дег дар 1 соат 31 тонна, дар як шабонарӯз 744 тонна ва дар як моҳ 22 ҳазору 320 тонна ангишт лозим аст.