- Нияти ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми пардохти андоз аз маводи сӯзишвории воридотӣ аз Русия бояд асоснок карда шавад, - иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, бидуни созиш бо парлумон дар ин масъала, ҳукумат ба ин иқдом даст зада наметавонад, вале то имрӯз дар ин хусус аз ҳукумат ба парлумон ҳеҷ пешниҳоде нарасидааст. «Агар чунин пешниҳод шавад, вакилон ҳатман аз ҳукумат ба кадом ҳадафҳо хароҷот шудани даромади иловагӣ аз ин иқдомро пурсон хоҳанд шуд ва агар ҳукумат нияти хароҷоти ин маблағ ба дастгирии нафақахӯрону бахши иҷтимоиро дошта бошад, мо ин пешниҳодро ҷониборӣ мекунем», - зикр кард Талбаков.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли ҷорӣ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки вазорат боло бурдани сатҳи андози аксизӣ аз маҳсулоти нафтӣ, машрубот ва тамокуро ба ҳукумат пешниҳод хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, феълан андози аксизӣ барои як тонна маҳсулоти нафтӣ 40 евроро ташкил медиҳад ва Вазорати молия ба ҳадди ниҳоӣ то 90 евро боло бурдани онро пешниҳод мекунад.

Дар шарҳи масъала С.Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигар нишондиҳандаҳои андози аксизӣ дар Тоҷикистон хеле паст буда, дар қисмати даромади буҷет онҳо ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳанд.

«Аммо ин кор алҳол ғайриимкон буда, бо назардошти воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар бо боҷи содиротии Русия, сӯзишворӣ дар дохили ҷумҳурӣ гарон аст. Мо қарор додем, ки ин масъаларо пас аз имзои созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ мавриди ҳаллу фасл қарор диҳем», - иброз дошта буд вазири молияи кишвар.

Вазир ҳамчунин гуфта буд, ин пешниҳод ҳамчунин аз ҷониби вазорати рушди иқтисоду савдо, энергетикаву саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ низ дастгирӣ шудааст.

Аввали моҳи феврали соли равон дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба имзо расид .

Зимни як нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов изҳор намуд, ки ояндаи наздик нархи бензин дар ҷумҳурӣ устувор боқӣ монда, поинравии босуръати қимати онро пас аз имзои созишномаи нафтӣ бо Русия интизор набояд шуд, зеро он замон метавонанд сабабҳои дигар, аз ҷумла транзити маҳсулоти нафтӣ тавассути қаламрави Ӯзбекистон пайдо шаванд.

«Имрӯз ҳаҷми боҷи содиротӣ барои як тонна бензини ба ҳисоби миёна арзишаш 1 ҳазору 200 доллари ИМА-и Русия 30%-ро ташкил медиҳад ва мантиқан дуруст мебуд, агар нархи сӯзишвории аз ҷониби Русия воридшаванда низ ба ҳамин андоза поин равад ва ҳамин тавр ҳам мешавад, агар ба он омилҳои дигар халал нарасонанд», - гуфта буд ӯ.

Аммо вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита зикр карда буд, ки мухолифи афзоиши андози аксизӣ аст. «Айни замон афзудани сатҳи андози аксизӣ мувофиқи мавқсад нест, зеро он ба арзиши сӯзишворӣ дар дохили кишвар таъсир расонида, табиист, ки хароҷоти он ба дӯши истеъмолгарон вогузор мегардад. Аз ин рӯ, мо афзудани сатҳи андози аксиро тавсия намедиҳем ва дар ин бора ҳукуматро низ огоҳ намудем», - гуфта буд ӯ ба журналистон.