Як ширкати Чин намояндагии худ дар Тоҷикистонро сабти ном карда, ояндаи наздик ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин ширкат корхонаи муштараки сохтмони лӯлаи интиқоли газро таъсис медиҳад.

Аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои таъсисотии корхонаи муштарак ҷараён доранд.

«Trans-Asia Gas Pipeline Co Ltd. аз таҷрибаи ғании корӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бархӯрдор буда, феълан дар тамоми кишварҳои минтақа лоиҳаҳо оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газро амалӣ месозад. Дар Тоҷикистон оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли гази Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон-Чин сухан меравад», - гуфтанд дар «Тоҷиктрансгаз».

Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад.

Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад. Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли 2016 ба истифода дода мешавад.

Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон дар Бишкек зимни нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба имзо расида буд.

Лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон оғоз ва тариқи қаламрави Афғонистону Тоҷикистон то вилояти Синтзян-Уйғури Чин мерасад.

Тибқи маълумоти қаблии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, кор рӯи ин созишнома аз соли 2006 оғоз гардида буд, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, амалисозии он ғайриимкон буд. Айни замон маблағгузориро ҷониби Чин ба дӯш гирифт.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаҷми зарурии нафту газ барои истифода дар саноат истихроҷ намегардад ва дар ин масъала кишвар комилан ба воридот вобаста аст, вале аз аввали соли ҷорӣ Ӯзбекистон интиқоли он ба Тоҷикистонро пурра қатъ намуд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунидҳо бо Ӯзбекистон оид ба таъминот бо гази табиӣ дар соли 2014-ро оғоз намуда, вале дар бораи мууваффақона анҷом ёфтани он сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

Айни замон якчанд ширкатҳо дар Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯву кашфи нафту газ машғуланд, ки бузургтаринашон ҶСК»Газпром» ва ширкатҳои муштаракан фаъолиятдоштаи Tethys Petroleum Limited, Total-и Фаронса ва корпоратсияи CNPC-и Чин мебошанд.