Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Edgo Energy-и Урдун созишнома дар бораи тақсими маҳсулот ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, созишнома дар доираи қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки санаи 4-уми октябри соли равон содир шуда буд, ба тасвиб расид.

Тибқи созишнома, ба ширкати Edgo Energy имкон дода мешавад, ки дар майдонҳои ояндадори нафту гази Сурхсимо ва Қарордони вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯ, кашф ва истихроҷи нафту газро роҳандозӣ намояд.

Қабл аз имзори созишнома мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо раҳбарияти ширкати Edgo Energy баргузор шуда, дар ҷараёни он дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши ҷустуҷӯ, кашф ва истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Edgo Energy ширкати мустақили ҷустуҷӯ ва кашфи нафту газ буда, имрӯз дар қаламрави Шарқи Наздик, Африқо ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолият дорад.