Санаи 9-уми декабри соли равон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ  Қодири Қосим бо сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Қодири Қосим, ҷаноби Амҷад Ҳусайнро дар сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо қаноатмандӣ афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дорои иқтидор ва имкониятҳои зиёди рушди муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ мебошанд.

Раиси Кумита ба меҳмони олиқадр доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории ҷумҳурӣ, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва самоягузории Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Покистон тақвият ёфта истодааст.

Амҷад Ҳусайн дар навбати худ зикр намуд, ки ҳамчун сафири кишвари худ дар Тоҷикистон барои беҳбудӣ ва мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстона ва шарикона миёни ҷонибҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо баҳри ривоҷу равнақ додани ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломиии Покистон омодагӣ ва ҳавасмандии худро баён намуда, Раиси Кумита ба ҷаноби сафир бастаи маводҳои таблиғотиро, ки дар худ маълумоти муфассал оид ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои самоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ дорост пешниҳод намуд.