Сафири ИМа дар Тоҷикистон Сюзан М. Эллиотт, муовини сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон ва вазири кишоварзӣ Қосимҷон Қосимов оғози фаъолияти лоиҳаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистонро расман эълон намуданд.  Дар назар аст, ки USAID  тавассути лоиҳаи мазкур таҷдиди хоҷагиҳои деҳқониро дастгирӣ намуда, ҳуқуқ ба моликиятро тақвият хоҳад бахшид.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, зимни суханрониаш Сафир Эллиотт таъқид кард, ки: “Таъмини кафолати ҳуқуқи заминистифодабарӣ асос барои беҳтарсозии вазъияти иқтисодии деҳқонон ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон,  ба ҳисоб меравад.  Ислоҳоти замин бояд ҳуқуқи деҳқононро ба замин кафолат дода, ҷалби сармоягузориро бештару ҳавасманд гардонад.  Ин кор дар навбати худ, маҳсулнокии хоҷагиҳоро баланд гардонида, даромади онҳоро зиёд хоҳад гардонид”.

Лоиҳаи сесола бо арзиши умумии 5,5 миллион доллари ИМА ҷузъи аслии ташаббуси ИМА “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба ҳисоб меравад.  Лоиҳаи мазкур  пешбарии сиёсати заминро вобаста ба ҳуқуқ ба замин дастгирӣ намуда, барои рушди  бозори ҳуқуқи заминистифодабарӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.  USAID тасмим гирифтааст, ки дар дувоздаҳ (12) ноҳияи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, ки бо ташаббуси номбаршуда фаро гирифта шудаанд, шабакаҳои махсус ташкил диҳад. Шабакаҳои мазкур марказҳои маҳалии дастгирии ҳуқуқӣ ва ташаббускорони маҳаллӣ, ки манфиятҳои марбут ба  ҳуқуқи заминро ҳимоя мекунанд, дар бар хоҳанд гирифт.  Ҳадафи шабакаҳои мазкур аз иттилоотонии деҳқонон дар бораи ҳуқуқҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши намояндагони мақомоти давлатии иҷроияи маҳаллӣ оид ба қонуну қарорҳои нав дар соҳаи заминистифодабарӣ, ҳалли баҳсҳо бо роҳи медиатсионӣ ва ҳимояи манфиатҳои деҳқонон дар додгоҳҳо, иборат мебошад.  

Дар назар аст, ки шабакаҳои номбаршуда дар бораи вазъи озодии ҳоҷагидориҳои деҳқонӣ дар минтақаҳо бо мақсади дастгирии самти фаъолияти лоиҳа дар ислоҳоти қонунгузорӣ, маълумоти саривақтӣ,  пешниҳод мекунанд. 

Бо мақсади таъмини дастрасӣ ба маълумот барои деҳқонони берун аз доираи фаъолияти фарогирии шабакаҳои номбаршуда, чопи ҳармоҳаи рӯзнома ва мақолаҳо оид ба деҳқононе, ки ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд, пешбинӣ шудааст.  Инчунин силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва радио дар бораи навигариҳои ба масъалаҳои замин вобаста, омода хоҳанд гардид. 

Аз соли 2003, Ҳукумати Амрико тавассути USAID ба гузаронидани ислоҳоти замин дар Тоҷикистон кумак мерасонад. Он Ҳукумати Тоҷикистонро дар беҳтарсозии қонунгузорӣ оид ба замин ва дар баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии деҳқонон ва ҳимояи ин ҳуқуқҳоро дастгирӣ менамояд.  Беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон аз лоиҳаҳои пешинаи USAID оид ба ислоҳоти замин бевосита баҳра гирифтанд.  Ин  дастгириву баҳрабардорӣ аз машваратҳои ҳуқуқӣ, ҳалли баҳсҳо вобаста ба замин бо роҳи миёнаравӣ, ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ҳуқуқи истифодабарии замин бо мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои замин дар судҳо ҳангоми набудани роҳи дигар ҳал, иборат буд. 

Лоиҳаи USAID оид ба  ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки амалишавии он бо дастгирии мардуми Амрико имконпазир гашт.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.