Дар брифинги бахшида ба натиҷаҳои ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов изҳор намуд, ки Русия ҷиҳати бидуни монеъа расидани бору коло аз Тоҷикистон ба бозорҳояш бо шариконаш дар Фазои ягонаи иқтисодӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) гуфтушунид хоҳад кард.

Ӯ ҳаҷми кунунии муомилоти молӣ миёни кишварҳро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд. «Ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Русияву Тоҷикистон ду сол боз коҳиш меёбад ва сатҳи тиҷорати дуҷониба на он қадр қобили қабл аст», - иброз дошт ӯ.

Муовини аввали нахуствазири Русия бар ин назар аст, ки кишвараш бояд ба озодона ва бидуни монеъа ҳамлу нақл шудани молу колои Тоҷикистон ба бозорҳои Русия мусоидат намояд.

«Оид ба ин масъала мо бо шариконамон дар Фазои ягонаи иқтисодӣ – Қазоқистон ва дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) – Қирғизистон гуфтушунид хоҳем кард», - афзуд Шувалов.

Қаблан раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амовли давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим низ аз коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ бо Русия дар соли 2013 изҳори нигаронӣ намуд.

Ӯ дар ин робита зикр кард, ки нишондиҳандаи ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар соли 2013 беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба солҳои пешин нисбатан камтар (4%) аст.

«Коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ дар навбати аввал ба мушкилоти ҳамлу нақли мол тариқи роҳи оҳан марбут аст, ки тайи чанд соли ахир Тоҷикистон ба он дучор аст», - иброз дошт Қ.Қосим.