Лимити истифодаи барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 21-22-юми март шадидтар шуда буд, айни замон қадре сабуктар гардид.

Аз хадамоти танзими ШСХК «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки интиқоли барқ ба чанде аз манотиқ як соат ва дар манотиқи дигар камтар аз як соат афзуда шудааст.

«Масалан, агар ҳафтаи гузашта интиқоли барқ 2 соат рӯзонаву 2 соат шабона ва дар маҷмӯъ 4 соат дар як шабонарӯз сурат мегирифт, пас имрӯз он то 5-6 соат дар як рӯз зиёд шуд», - гуфтанд дар ширкат.

Дар бораи кай комилан бекор шудани лимит дар ширкат маълумоти саҳеҳ дода натавонистанд, зеро тибқи маълумоти хадамоти танзим, сатҳи обанбори Норак дар нуқтаи ниҳоӣ қарор дошта, маҷрои оби дарёи Вахш то ҳанӯз паст аст.

«Шояд лимити истифодаи барқ давоми ҳафтаи аввали моҳи апрел бекор гардад, вале ҳамаааш ба вазъи обуҳаво ва маҷрои оби дарё вобаста аст», - шарҳ доданд дар ширкат.