Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагони ширкати олмонии BGR – Идораи федеративӣ оид ба илмҳои геология ва маводи ашёи хоми Олмон баргузор шуд.

Тавре ба Азия-Плюс» аз Саридораи геологияи ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳо дар доираи амалисози лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушд дар Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи ширкати BGR, амалисозии лоиҳа соли 2012 барои се кишвари минтақа – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз гардида, анҷоми он моҳи марти соли 2015 дар назар аст.

«Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа бештар фоидаовар кардани соҳаи геология барои кишварҳо буда, дар доираи ин лоиҳа махсус барои Тоҷикистон таҳия ва тартиб додани барномаи махсус оид ба ҳисобу китоби захираҳо пешбинӣ шудааст, ки аллакай миёни мутахассиони соҳа маъруфият касб кард», - гуфтанд дар Саридораи геология.

Дар сомонаи BGR ҳамчунин зикр мегардад, ки баҳри ошкор сохтани конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҷолиб мебошанд, ширкат як маҷмӯи чорабиниҳоро анҷом хоҳад дод, ки дар маркази таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ қарор хоҳанд гирифт.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушд дар Тоҷикистон» аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ), German Committee on Eastern European Economic Relations (OA) дастгирӣ шуда, аз номи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) амалӣ мешавад.