Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, сарфи назар аз рушди устувор дар соли 2013 ба андозаи 7,4%, ки асосан ба туфайли интиқоли маблағҳои рекордии пулӣ ба даст омад, иқтисоди Тоҷикистон ба таъсирҳои беруна осебпазир боқӣ мемонад ва бидуни роҳандозии ислоҳоти фаъоли сохторӣ дар дурнамои миёнамуҳлат коҳиши суръати рушди иқтисодӣ ба мушоҳида хоҳад расид.

«Ба туфайли интиқоли ҳаҷми зиёди маблағҳои пулӣ ба кишвар бахши хизматгузорӣ бузургтарин соҳаи иқтисод боқӣ монда, ҳамчунин ба туфайли нархҳои устувор ба маҳсулоти ғизойӣ ва устувории қурби асъор, мизони таваррум дар сатҳи рекордии 3,7% қарор гирифт, вале бинобар сабаби талаботи нокофӣ дар бозори беруна ва коҳиши нархи алюминий ва нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон ба таъсирҳои беруна осебпазир боқӣ монда, ин ҳолат ба ҳаҷми содирот низ таъсири манфӣ гузошт», - қайд мекунанд муаллифони гузориш.

Гуфта мешавад, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар, ки соли 2013 ба нишондиҳандаи рекордии 4,1 млрд. доллари ИМА расид, ба истеъмол таъсири мусбат, вале ба муҳити тиҷорат таъсири манфӣ расонида, заъифии миёнаравии молиявӣ ва сатҳи пасти эътимод ба бахши бонкӣ ҷиҳати ба сармоягузорӣ табдил додани онҳо имкон надоданд.

Муаллифони гузориш ба хулосае расидаанд, ки ҳукумати Тоҷикистонро роҳандозии муҳаррики нави рушди ба сармоягузории хусусии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ асосёфта зарур аст.