Моҳи марти соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон қарори нав «Дар бораи тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо»-ро қабул карда, мутаносибан қарори пешина аз соли 2005 ҳукми қонуниашро гум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, тибқи қарори мазкур, бақияпулиҳои андози андозсупорандагон, ки то 1-уми январи соли 2009 ба вуҷуд омада, то ҳол пардохт нагардидаанд ва ҷаримаю фоизҳое, ки барои саривақт напардохтани ин андозҳо то лаҳзаи аз эътибор соқит намудан ҳисоб карда шудаанд, беэътимод дониста шуда, аз эътибор соқит карда мешаванд.

Ҳамчунин Кумитаи андоз вазифадор карда шудааст, ки дар муҳлати 3 моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур оиди муайян намудани бақияпулиҳои андози андозсупорандагон, ки ба муқаррароти дар боло зикргардида мувофиқ мебошанд, чораҷӯӣ намояд.

«То аввали моҳи июн мо бояд қарзҳои корхонаву ташкилотҳо оид ба андозҳои умумидавлатӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рӯи онро омӯхта, тартиби аз эътибор соқит кардани онҳоро муайян ва онро ба ҳукумат пешниҳод кунем», - гуфтанд дар ин робита дар Кумитаи андоз.