Чанде қабл дар Донишгоҳи Весалиуси шаҳри Брюссел дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: имконоти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақши Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» мизи гирд баргузор шуд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо бо дастгирии барномаи Комиссияи Аврупо «Central Asia Invest» ва Ташкилоти ғайридавлатии «Cesvi» созмон дода шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, дар мизи гирд ду ҳайати намояндагони воломақом аз Тоҷикистону Қирғизистон ва коршиносни бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва соҳибкорӣ иштирок ва маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндагони Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Хадамоти аврупоии муносибатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҷаҳонии гумурук, Хартияи энергетикӣ ва доираҳои тиҷоратии мукими ин кишвар (Белгия) низ ҳузур доштанд.

Ҳамоҳангсозии кори мизи гирд ба дӯши вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон вогузор гардида буд. Нахуст  намояндагони доимии Тоҷикистону Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев ва Асейн Исоев ва директори департменти Аврупои Шарқӣ ва Марказии ВКХ Белгия Гюнтер Слюваген суханронӣ намуданд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Гулрӯ Қаюмова ба ҳозирин имконоти иқтисодӣ ва муҳити сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Раиси Ассотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Насиба Аминова ба иштирокчиёни мизи гирд дар бораи тадбирҳои андешидаи кишвар дар самти амалисозии меъёрҳои тиҷорати боинсофу боадолат маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Дар чорабинии мазкур ба масъалаҳои мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, бахусус корхонаҳои хурду миёна ва ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди косибӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми чорабинӣ намоишгоҳи намунаҳои беҳтарини маҳсулоти косибии ҳунармандони тоҷик барпо шуд.