«Имконпазирии ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон: мафҳумҳои талаботҳои асосӣ”, чунин ном дошт семинари дурӯзае, ки 28 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар он намояндагони Бонки Исломии Рушд ва Ширкати “Зайд Иброҳим & Со (Малайзия)”, вазорату идораҳо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар назди ҳозирин оид ба лоиҳаи қонун, амалиётҳои асосии бонкдории исломӣ ва тарзи иҷрои онҳо, муовини Раиси Ширкати машваратии “Зайд Иброҳим & Со” ҷаноби Мадзлан Бин Муҳаммад суханронӣ намуд.

Иштирокдорони семинар дар муҳокимаи масъалаҳои мазкур фаъолона иштирок варзида, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.