Имрӯз зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умед Давлатзод бо сафири Австралия дар Тоҷикистон Пол Майер масоили ҳамкориҳои иқтисодии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ин вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаи сармоягузории имконпазири Австралия ба рушди иқтисоди Тоҷикистон табодули назар сурат гирифта, сафири Австралия муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро зикр кардааст.
«Мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги Австралия дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, рушди соҳаи саноати истихроҷи маъдан, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, рушди бахши хусусӣ ва ғайра кӯшиш ба харҷ диҳем», - иброз доштааст сафир.
Гуфта мешавад, ҳамчунин, ҷониби Австралия изҳор намудааст, ки ҷонибдори таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои инфрасохтор ва энергетика низ мебошад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистиону Австралия 113,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 қариб 9 баробар зиёдтар аст. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба Австралия ҳеҷ маҳсулоте содир нашуда, ҳамаи ҳаҷми муомилотро воридот аз Австралия ба маблаги 131,1 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста