Чанде қабл зимни вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндагони ширкатҳои Yantai Yuancheng Gold Co. Ltd. и Shandong Gold Mining Co. Ltd.-и Чин дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноати истихроҷи маъдани тилло баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот намояндагони ширкатҳои чинӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон тариқи ворид кардани сармоягузориҳои иловагӣ ба корхонаи муштараки «Апрелевка» омодагӣ изҳор намуданд.

«Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои дигар марбут ба ҳамкориҳоро низ баррасӣ карда, зикр гардид, ки масъалаи воридшавии ин ду ширкат ба ҳиссаи КМ «Апрелевка» дар сатҳи ҳукумат ҳаллу фасл мешавад», - гуфт манбаъ.

Тавре аз Вазорат шарҳ доданд, ширкатҳои чинӣ ба ҳиссаи ширкати Central Asian Minerals and Resources PLC (CAMAR) соҳиб мешаванд, ки 49%-и саҳмияҳои КМ «Апрелевка» ба он мутааллиқ аст. Соли 2011 ширкати Gulf UK-и Канада, ки сармоягузори ин корхонаи муштарак маҳсуб меёфт, аз ҷониби ин ширкат харида шуд.

Заминаи ашёи хоми корхона конҳои Апрелевка, Қизил-Чеку, Бургунда, Инкиҷелон ва дигар конҳои хурд мебошанд. Маъдан бо тарзи кушода истихроҷ мешавад. Зимни коркарди он хӯлаи тиллову нуқра ҳосил мешавад. Иқтидори миёнаи истеҳсолии корхона ба истихроҷи 180 ҳазор тонна маъдан дар як сол баробар аст.

Маҳсулоти асосии корхона хӯлаи тиллову нуқраи «Доре» мебошад, ки минбаъд дар корхонаи «Востокредмет» то тиллои кимиёвии тозаи озмоиши баландтарин (999,9) ва нуқраи озмоиши 999,5 коркард мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар корхонаи муштараки «Апрелевка» 51%-ро ташкил медиҳад.