Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе-1 ва Душанбе-2, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» зимистони имсол ҳамагӣ 13%-и талаботи пойтахт ба гармиро қонеъ карда метавонанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, талаботи шаҳри Душанбе ба гармӣ дар мавсими зимистон ҳудуди 1 ҳазору 300 Гкал/соат гармиро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик», марказҳои барқу гармидиҳӣ, дегхонаҳои пойтахт изҳор мекунанд, ки дар мавсими зимистон танҳо 169 Ккал/соат гармӣ интиқол дода метавонанд.

«Аз ҷумла, пойтахтро дар мавсими зимистон МБГ Душанбе -1 - бо ҳудуди 49 Гкал/соат, МБГ Душанбе-2 – бо 53 Гкал/соат, дегхонаи «Ғарбӣ» - бо ҳудуди 53 Гкал/соат ва дегхонаи «Шарқӣ» - бо 14 Гкал/соат гармӣ таъмин карда метавонанд», - афзуд манбаъ.