Санаи 26 ноябри соли 2014 дар шахри Душанбе бо сухани ифтитоҳии вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар Конференсияи байналмилалӣ оид ба «Роҳҳои рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон» ба кор оғоз кард, ки тӯли се рӯз идома хоҳад намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, зимни суханронӣ вазир қайд намуд, ки Вазорати кишоварзӣдар доираи амалишавии Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2007-2015 дар ҳамкорӣ бо Корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Свердовский» Федератсияи Россия ин чорабиниро баргузор намуда истодааст.

Дар Конференсияи мазкур роҳбарият ва мутахассисони вазорат, масъулини КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон», олимон ва мутахассисони соҳаи паррандапарварии ҷумҳурӣ, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо ва хоҷагиҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, роҳбарият ва мутахассисони Корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Свердловский» Федератсияи Россия, дар маҷмӯъ 103 нафар иштирок намуда истодаанд.

Бино ба мълумоти Вазорат, ба 1 ноябри соли ҷорӣ дар корхонаҳо ва хоҷагиҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 2 миллиону 180 сар парранда парвариш карда шуда, онхо тасмим доранд, ки истехсоли тухмро дар чамбасти сол ба зиёда аз 200 миллион дона расонанд, ки мутаносибан нисбати соли 2008 саршумори парранда 2,4 ва истеҳсоли тухм 3,3 маротиба зиёд мебошад.

Паррандапарварони ҷумҳурӣ солхои охир бо дигар ҷумҳуриҳо, аз ҷумла бо корхонахои паррандапарварии Федератсияи Россия ҳамкории зич доранд. Бинобар ин Конференсияи мазкур барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи паррандапарварӣ ва омӯзиши таҷрибаи корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Свердловский», ки яке аз корхонаҳои пешқадами Федератсияи Россия ба ҳисоб меравад, ҳаматарафа мусоидат менамояд.

Баъд аз интиҳои қисмати назариявии Конференция бахши амалии худро дар Корхонаи паррандапарварии зотпарварии «Симурғи»-и шаҳри Истаравшан идома хоҳад дод.