Президенти Тоҷикистон ва раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон қарор ба имзо расонидааст.

Аз нусхаи қарори дар ихтиёри «Азия-Плюс» қароргирифта таҳти №643 аз 14-уми октябри соли 2014 зикр мегардад, ки қарзи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 74,3 млн. сомонӣ аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва фоизҳои он, ки зимни расмиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омадааст, беэътибор дониста мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ин қарорро бо такя ба моддаи 14-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади дастгирии молиявӣ, солимгардонии вазъи минбаъдаи моливу иқтисодии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва таъмини минбаъдаи рушди бахши нақлиёти кишвар ба имзо расонидааст.

Дар ҳамин қарор президенти Тоҷикистон ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» супориш додааст, ки дар баҳисобгирии муҳосиботии корхона тағйироти дахлдор ворид намояд.

Қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон аз 14-уми июли соли 2014, №364 «Дар бораи марҳила ба марҳила пардохт намудани андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ оид ба харидории локомотивҳои «КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва аз 2-юми майи соли 2013, №214 «Дар бораи марҳила ба марҳила пардохт намудани андоз аз арзиши иловашуда ва пешниҳоди таъхири муҳлати пардохти ин андоз зимни ворид намудани локомотивҳои манёврӣ ва вагонҳо аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бекоршуда эътиоф мегарданд.