Соли ҷорӣ барои Бонки Эсхата соли ҷашнӣ аст. Санаи 29 ноябр аз оғози фаъолияти Бонк 20 сол пур мешавад. Санаи ҷашнӣ- сабаби ҷиддӣ барои баҳогузории муваффақиятҳои ба даст омада ва нигоҳ ба оянда, замоне, ки аз натиҷаи фаъолияти чандинсола хулосабардорӣ карда шуда, самтҳои нави рушд ҷорӣ хоҳад шуд.

Яке аз афзалиятҳои бешубҳаи муассисаи молиявӣ барои мизоҷон ин устувории он аст, ва нишонаи устуворӣ таҷрибаи корӣ дар бозори молиявӣ ба ҳисоб меравад. 

Ҳамкори боэътимод будан

Ҳар қадаре, ки бонк ботаҷриба аст, ҳамон қадар устуворӣ ва хавфи кам дошта, эътимоду боварӣ ба ӯ зиёдтар аст. Устуворӣ-ин сифате ҳаст, ки дар соҳаи бонкӣ бештар қадр карда мешавад. Барои бонк арзиши беҳтарин мизоҷ буда, дастоварди беҳтарин ин боварӣ ва эътимоди онҳо аст.

Аз ин рӯ 20 сол дар бозори молиявии мамлакат ин нишондиҳандае ҳаст, ки Бонки Эсхата аз муассисаи устувор ва босуботи молиявӣ буданаш ифтихор дорад. Ва сол аз сол ҳар чӣ бештар шумораи мизоҷони боваринок зиёд мегардад.

Албатта дар ҷаҳон бонкҳое ҳастанд, ки садҳо сол фаъолият доранд. Аммо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи 20 -сола дар бозори молиявии мамлакат – ин нишони таҷрибаи бои корӣ, суботу устуворӣ, дараҷаи баланди ихтисоси  роҳбарият ба ҳисоб меравад. Махсусан агар ба назар гирем, ки ин ҳиссаи вақт солҳо 90 - ум ми асри гузашта бо бӯҳрони молиявӣ тафовут дошт, зеро Тоҷикистон дар саргаҳи эҳёи низоми молиявӣ меистод. Дар ин давраи душвор, моҳи ноябри соли 1994 оғоз намудани фаъолият барои Бонки Эсхата, на танҳо давраи душворро паси сар намуд, балки натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, нақши муносибро дар бозори хизматрасонии бонкӣ  ишғол намуд.

Дар давоми фаъолияти худ, Бонк барои ҳамкории дуру дароз ва судманд кӯшиш мекард, ки аз рӯи стратегияи аниқи рушд бо такомули маҳорати касбии кормандон ва расонидани хизматрасонии босифат ба мизоҷони худ, муносибати софдилона ва озод бо онҳо ҷараен гирифтааст. 

Чунин муносибат ба кор асоси рушди мунтазами Бонки Эсхата дар тӯли 20 соли фаъолияти худ истифода мешавад. Ва имрӯз Бонки Эсхата –иштирокчии бузурги бозори молиявии кишвар ба ҳисоб меравад. 

Аз рӯи суръати афзоиши нишондиҳандаҳои молиявӣ Бонки Эсхата яке ҷойҳои намоёнро дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад. Бонки Эсхата ҳамчун ҳамсоли низоми қарзи-молиявии кишвар бо ифтихор ва қаноатмандӣ ҳамаи давраҳои ташаккул ва пешрафтро паси сар карда истода, мунтазам ҳолати бонки уствор ва босуботро гирифта, мавқеи ҷуғрофии худро васеъ мегардонад. 

Бонки Эсхата ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба стандартҳои баланд, ки ба қаноатмандии мизоҷон мутобиқ аст, нуфузи худро собит созад. Устуворӣ, фаврӣ будан ва кӯшиш барои дарёфти ҳалли осони муаммоҳо, фасеҳӣ ва омодагӣ барои пешвози тамоми хоҳишу орзуҳо дар ҳамҷоягӣ бо дастаи касбии кормандон - маҳз бо ин афзалиятҳо дар тӯли 20 соли фаъолият Бонки Эсхата тафовут дорад. Роҳбарияти бонк кайд мекунад, ки бартарияти асосии бонк ҳамкорӣ бо соҳибкории хурду миена, ташкилотҳои калони ҷумҳуриявию минтақавӣ, рушди тиҷорати чакана маҳсуб меёбад. Ҳамзамон самти анъанавии бонк-интиқоли пулӣ, қарздиҳӣ ва онлайн хизматрасониҳо боз ҳам рушд хоҳад ёфт. 

Такя ба ҷашни 20 – солагӣ

Соли 2014 умеди калон бахшидааст, ки зиёда хизматрасониҳои ҷолиб ва маҳсулотҳои бонкӣ барои мизоҷон ҷорӣ гардиданд ва ҷорӣ  хоҳанд шуд. Ин хизматрасониҳои фосилавии Интернет Бонк, Овердрафт, Боварӣ ва ғайраҳо. 

Бахшида ба 20 -солагии бонк Аксияи идона эълон карда шуд, ки иштирокчиёни он  тӯҳфаҳои гуногун аз қабили автомобил, телевизор, смартфон, роҳхат ба Дубай бурд намуданд. 

Бар замми ин то охири сол Бонки Эсхата дар нақша дорад, ки боз якчанд лоиҳаҳои навро барои ҳамкории дурудароз пешниҳод намояд. 

Натиҷае, ки барои рушд кӯмак мерасонад 

«Бонки мо мавқеи ҷойгиршавии худро боз ҳам васеътар мекунад, хизматрасониҳои худро дар дигар минтақаҳои кишвар барои мизоҷонаш пешниҳод мекунад. Мо хизматрасониро дар сатҳи баланд амалӣ намуда, итминони комил дорем, ки дар тамоми минтақаҳои фарогири бонк хизматрасонии Бонки Эсхата афзалияти бештару хубтарро пайдо карда истодааст, -қайд мекунад Раиси Раёсати Бонк Носиров Х.Д. 

Ҳамзамон мо боре ҳам аз хотир намебарорем, ки ҳамаи муваффақияту дастоварди мо бе муносибати дӯстонаву дарозмӯҳлат бо мизоҷону ҳамкорон имконнопазир аст.

Ба роҳ  мондани беҳбудии ҳар як мизоҷ сарчашмаи фаъолияти бонк ба ҳисоб меравад, зеро муваффақияти мизоҷон-ин дастоварди асосии бонк аст.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар тақдири бонк иштироки фаъолона доранд, ба аъзоени Шӯрои Нозирон ва Раёсат, ҳамкорону саҳомон, таҷрибаи кадоме барои мо беҳамто аст, ба мизоҷон ки тӯли ин муддат бо мо ҳастанд изҳори миннатдории худро мерасонам.

Итминон дорам, ки маҳз бо дастгирии шумоен бонк рушди худро бемайлон идома дода, муносибати неки чандинсола кафолати муваффақияти дуҷониба хоҳад шуд. Мо дар оянда низ тамоми имконияти  худро барои боз ҳам мустаҳкам намудани боварии шумоен нисбати Бонки Эсхата истифода намоем, зеро боварии  шумоен арзиштарин сармояи Бонк аст. Аз самими қалб ба Шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва некиҳои оламро таманно дорем! 

Бигзор ҳар рӯз барои Шумоен қадами нав ба қуллаҳои умед бошад!