Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, ки ҷиҳати иштирок дар «Ҳафтаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд бахшида ба кишварҳои Авруосиё» дар шаҳри Париж қарор дорад, дар Вазорати корҳои хориҷии Фаронса бо вазири давлатӣ оид ба савдои хориҷӣ, пешбурди туризм ва масоили фаронсавиҳо дар хориҷа ҷаноби Матиас Фекл мулоқот кард.

Бино ба маълумоти депатаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, дар доираи мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, қайд намуданд, ки тақвият бахшидани пояи шартномавию ҳуқуқӣ байни Тоҷикистону Фаронса ба густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷабҳа саҳмгузор хоҳад буд.

Гуфта мешавад, вазирон дар рафти вохӯрӣ инчунин оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла бо назардошти хурӯҷи Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон табодули афкор намуданд.