Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта дар зарфи 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон қариб ба андозаи 5% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 555 млн. доллари ИМА (семоҳаи 1-ум – 546 млн. $ ва семоҳаи 2-юм – 909 млн. $)-ро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба 1 млрд. 638 млн. доллари ИМА баробар буд. Давоми соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 3 млрд. 927 млн. доллари ИМА маблағҳои пулии шахсӣ интиқол дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ миёни кишварҳои ИДМ аз Тоҷикистон танҳо Ӯзбекистон ва Украина зиёдтар маблағҳои шахсӣ ирсол намудаанд.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли 2014 аз Русия ба Ӯзбекистон 2 млрд. 815 млн. доллари ИМА маблағҳои пулии шахсӣ фиристода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба андозаи 13% камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Ӯзбекистон 3 млрд. 235 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Зимнан зикр мегардад, ки нимсолаи аввали ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсӣ аз Русия ба Украина 1 млрд. 560 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори қариб 9% камтар аст. Дар зарфи 6 моҳи соли 2013 аз Русия ба Украина  дар ҳаҷми 1 млрд. 712 млн. доллари ИМА чунин маблағҳо интиқол гардида буд.