Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ҳайати соҳибкорони Туркияро ба ҳузур пазируфт. Ҳайати соҳибкорони Туркияро роҳбари намояндагии «ТАТСИАД» дар Тоҷикистон Қодир Чемал Гурса ҳамроҳӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот намояндагони доираҳои соҳибкории Туркия ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Раиси ПСС Тоҷикистон муҳим будани нақши доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар таҳкиму густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷонибаро таъкид кард.

Зимнан зикр гардид, ки ПСС Тоҷикистон бо Иттифоқи палата ва биржаҳои Туркия ҳамкориҳои шариконаи наздик дошта, ҳамчунин бо Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия, Кумитаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия низ ҳамкориҳои мутақобилаи судманд роҳандозӣ кардааст.

«Имрӯз тиҷорати Туркия ба амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар бахшҳои саноату бунёди комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ, маориф ва бисёре аз дигар соҳаҳо манфиатдор аст», - иброз дошт Қодир Гурса.

Соҳибкорони туркӣ ба раиси ПСС Тоҷикистон доир ба фаъолияти ширкатҳои худ, имконоти тиҷоратии ҳамкорӣ дар бахшҳои сохтмон, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳвили технологияву таҷҳизот аз Туркия ба Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ба роҳандозии фаъолияти муштарак дар соҳаи сохтмони манзил ва иншооти шаҳрвандӣ омодагӣ изҳор карданд.