Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид чанде қабл бо сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот масъалаҳои вазъи кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, Шариф Саид изҳори итминон кард, ки таҷрибаи ғании дипломати воломақом ба таҳкими дӯстӣ ва муносибатҳо миёни кишварҳо мусоидат ва барои густариши бештари онҳо такони зарурӣ мебахшад.

«Сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе моҳи сентябри соли равон ва гуфтушуниди созандаи ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳо миёни кишварҳо саҳифаи нав боз намуда, барои рушди минбаъдаи онҳо замина гузоштанд», - таъкид дошт Шариф Саид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ сафири Эрон ба беҳбуди сатҳи ҳамкории минтақавӣ миёни музофотҳои Эрон ва ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, таъсиси шаҳракҳои саноатӣ дар мминтақаҳои баландкӯҳ, ки ба рушди индустриалии онҳо мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.