Дар бошишгоҳи воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, машварати кории муовини сарвазир Азим Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои BOC «Bokhtar Operated Company» ва BGP (CNPC, Total) баргузор гардид.

Бино ба иттилои дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, дар оғози ҷаласа оид ба низоми риояи техникаи бехатарӣ зимни фаъолияти кормандон ва масъалаҳои тарзи ташкили корҳои сейсмоиктишофӣ, гузаронидани корҳои таркишӣ, ҷамъоварии нишондиҳандаҳо, натиҷаҳо, ба роҳ мондани таҳлили лаборатории онҳо  ва гузаронидани корҳои геофизикӣ маълумот пешниход гардид.

Қайд карда шуд, ки Ширкати “BGP” ворид намудани таҷҳизотҳоро, барои гузаронидани корҳои сейсмоиктишофӣ пурра ба итмом расонидааст. Айни замон дар бошишгоҳи  ширкати “BGP” воқеъ дар ноҳияи Сарбанд, барои таъмин намудани иҷрои корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда, техникаю таҷҳизотҳои зерин мавҷуд мебошанд: вибраторҳо - 6 адад, мошинҳои боркаш - 30 адад, тракторҳо бо дастгоҳҳои пармакунӣ таҷҳизонидашуда - 6 адад, контейнерҳо бо таҷҳизот – 10 адад, қабулкунакҳои мавҷҳои сейсмикӣ- 5 адад, зарфҳои нигоҳдории маҳсулотҳои нафтӣ – 4 адад, автомошина бо кабинаи операторҳо – 1 адад, чархболҳо -2 адад, дастгоҳи пармакунии КТ- 40 адад, автомашинаҳо бо шабакаҳои қабули мавҷҳои сейсмикӣ– 45 адад.

Боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати иҷрои корҳо дар бошишгоҳ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ коргарон ҷалб гардидаанд ва то ба имрўз шумораи умумии кормандони маҳаллӣ 617 нафарро  ташкил медиҳанд, ки ин баробар ба 90,7% аз шумораи умумии коргарон мебошад.

Корҳои аксбардории топографӣ мувофиқи нақшаи кории ширкат амалӣ шуда истодааст. То имрӯз 9668 нуқтаи таркиш ва 34827 нуқтаи қабул ба итмом расонида шудааст. Корҳои пармакунӣ дар ҳаҷми 5356 адад нуқта то чуқуриҳои 17-18 метр иҷро гардидаанд. То  санаи 20.11.2014 ҳаҷми корҳои сейсмоиктишофии саҳроӣ 23,6 км. тулониро ташкил медиҳад.

Муовини сарвазир аз зарурати вусъат бахшидани корҳо ёдовар шуда, барои сифатан беҳтар намудани корҳои геофизикӣ ва сейсмоиктишофии саҳроӣ, ва мақсаднок истифода бурдани сармояи пешбинишуда ба ширкатҳои шарикони ҳамкор, алалхусус ба роҳбарияти ҶСХММ “БОК” супоришҳои мушаххас дод. Натиҷагирии ҳолати кунунии корҳои иҷрогардида қаноатманд арзёбӣ гардид.

Муовини сарвазир ба мутахассисони ширкати “BGP” тавсия дод, ки онҳо метавонанд маводҳои геологӣ, геофизикӣ ва сейсмоиктишофии қаблан дар бойгони мавҷудбуда ва натиҷаи корҳои  ширкати  “АRKeX”-ро   бо мисоли корҳои градиентометрӣ, гравиметрӣ ва магнитомерӣ  дар ҳаҷми 15272 км2 гузаронидашударо таҳти омӯзиш қарор дода, аз онҳо истифода баранд.  Ин метавонад садди роҳи такрор нагардидани баъзе корҳои ба анҷомрасида гардад. Илова бар ин, дар мавзеи Бохтар дар баробари ба роҳ мондани баҳодиҳии минтақавӣ вобаста ба релеф, баҳодиҳии мавзеиро низ васеъ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест.

Дар интиҳои мулоқот муовини сарвазир ба Вазорати энергетика ва хоҷагии об, ҶСХММ “БОК” ва ширкати “BGP” супориш дод, ки мунтазам  вобаста ба корҳои ба анҷомдода ва корҳо тибқи нақшаи пешбинишуда ба ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод намоянд.