Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо ба самти Хоруғ тариқи ҳавопаймои навъи «Ан-28»-ро зиёд карда, дар як рӯз ба маркази маъмурии ВМКБ ва аз он ҷо ба пойтахт се парвоз анҷом дода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Мунавар Муллочаев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ва ҳамчунин қонеъ кардани талаботи хизматгузорӣ ба аҳолӣ амалӣ мешавад.

Муллочаев таъкид дошт, ки шарти ягонаи анҷом пазируфтани парвоз тариқи ин хатсайр обуҳавои мусоиди тобистона аст.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дархост карда буданд, ки ба ҳаллу фасли масъалаи ба тартиб овардану танзими кори хатсайрҳои ҳавоии Душанбе - Хоруғ - Душанбе мусоидат намояд.

Дар муроҷиат бо имзои беш аз 140 нафар шаҳрвандони кишвар аз президент дархост шуда буд, ки ба роҳандозии парвози мунтазами ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр, беҳбуди сифат ва амнияти онҳо ва ҳамчунин муқаррар шудани нархи дастрас ба билетҳо бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ мусоидат кунад.

Зикр гардида буд, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғ - Душанберо тариқи ҳавопаймоҳои АН-28 анҷом медиҳад. «Масъулони бахши авиатсионии кишвар тасдиқ мекунанд, ки ин ҳавопаймоҳо ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд, вале дар амал парвоз бо ин ҳавопаймоҳо торафт хатарнок мешаванд», - қайд шуда буд дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол, Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе - Хоруғро яке аз мушкилтарин дар ҷаҳон номида, таъкид дошт, ки сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. «Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», - гуфт номбурда.