Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба наздикӣ як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.
Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи Financial Times дар ин робита гуфтааст, бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши арзиши алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, Тоҷикистон бо «мушкидоти ҷиддӣ» дучор шудааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нашрия иттилоъ дода буд, ки оид ба ҷалби воситаҳои ХБА дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА гуфтушунид ҷараён дорад.
Масъуд Аҳмад қайд кардааст, ки дар бораи ҳаҷми қарзи имконпазире, ки Хазина ба Тоҷикистон дода метавонад, алҳол сухан гуфтан «хеле барвақт аст».
Номбурда таъкид доштааст, ки барои дастрас кардани қарзи Хазина Тоҷикистон бояд як қатор шартҳоро бипазирад. «Аз ҷумла ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ тақвияти назорати бонкӣ, сабук кардани назорат дар бозори асъор ва ҳамчунин беҳбуди шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ зарур аст», - иброз доштааст ӯ.
Ҳамчунин намояндаи ХБА изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба ҳаллу фасли мушкилоти зикршуда омодагӣ изҳор хоҳанд кард.
Нашрия хотиррасон мекунад, ки соли 2008 вақте ки истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои аз ҷониби Хазина ба Тоҷикистон додашуда ошкор гардид, ХБА Тоҷикистонро ба баргардонидани қарз уҳдадор намуда буд.
Кори Зафар Сайидзода ба ҳайси Консули кулли Тоҷикистон дар Екатеринбург ба анҷом расид
Барои пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон $8 миллиард лозим аст. Онро аз куҷо ва чӣ гуна пайдо бояд кард?
Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд
Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Меҳмони тозаворид”
Эмомалӣ Собирзода ба ҷойи Шералӣ Мирзо. Вазири нави дифоъ кист ва кадом мушкилоти соҳа дар пешорӯяш аст?
Дар Душанбе марди гумонбар ба содир кардани 12 ҷинояти қаллобӣ боздошт шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2025
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста