Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ҳафтаи равон ба рӯзноманигрон иттилоъ дод , ки президенти Мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки хароҷоти буҷет кам карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, бар асоси ин дастур Вазорати молия тасмим гирифтааст, ки «хароҷоти дуюмдараҷа», аз ҷумла харидории мебел, автомашинаҳои хизматӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайраро боздорад.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми қисмати хароҷоти буҷет 450 млн. сомонӣ (беш аз 57,2 млн. $ бо қурби ҷории Бонки миллӣ) кам карда мешавад. «Буҳрони иқтисодии идомадошта дар кишварҳои шарики Тоҷикистон ба коҳиши нишондиҳандахои асосии макроиқтисодӣ дар кишвари мо, аз ҷумла ҳаҷми даромад ба буҷет боис мегардад», - эътироф кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ нақшаи буҷет аз рӯи андозҳо ба маблағи 421,4 млн. сомонӣ иҷро нагардида, аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 266,6 млн. сомонӣ камтар ба буҷет маблағ ворид шудааст ва дар маҷмӯъ камбуди буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввал беш аз 687 млн. сомониро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2016 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 18 млрд. 306 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2015 дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ ё худ 19,8% зиёдтар аст.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста