Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати ваколати маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк»-ро боз ба муҳлати 3 моҳ дароз кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти БМТ дар ин робита иттилоъ доданд, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 3 август дар ин бора қарори дахлдор қабул кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз қабули қарори мазкур беҳбуди вазъи молиявии ин бонк ва ҳимоя аз манфиатҳои мизоҷони ташкилоти қарзӣ мебошад.
«Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории кишвар ба роҳ монда, барои беҳтар гардонидани вазъи молиявии ин ташкилоти қарзӣ тадбирҳои зарурӣ андешад», - гуфтанд дар БМТ.
Ёдрас мекунем, ки нахуст Бонки миллӣ рӯзи 3 май дар «Тоҷпромбонк» ба муҳлати се моҳ маъмурияти муваққатӣ таъин намуда буд.
«Ин тасмим ба он хотир гирифта шуд, ки «Тоҷпромбонк» чандин маротиба муқаррароти қонунгузории бонкӣ ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии БМТР-ро риоя накарда, ин дар навбати худ ба заъиф шудани вазъи бонк ва норозигии саҳмдорони он боис гардид», - шарҳ дода буданд ин масъаларо дар Бонки миллӣ.
Зимнан қайд шуд, ки маъмурияти муваққатӣ мақомоти махсуси идоракунии бонк мебошад, ки аз ҷониби БМТ бо мақсади роҳ надодан ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ таъин мегардад. Вазифаи маъмурияти муваққатӣ дар он ифода меёбад, ки барои таъмини нигаҳдории дороиҳои бонкҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, аз манфиатҳои саҳмгузорон ҳимоят мекунад.
Мавриди зикр аст, ки молики қисмати зиёди саҳмияҳо ва роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев мебошад.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Чанд расонаи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд
Роҳи Ворух мақоми бетараф мегирад. Тафсилоти созишномаи марзӣ бо Қирғизистон
Моҳи март ҳаво дар Тоҷикистон салқину сербориш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали соли 2025
Абдунабӣ Сатторзода: “Олами озодагӣ хуш оламест!”
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар ИМА бо гумони маблағгузорӣ ба ДОИШ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста