Дар шаҳри Маскав миёни Бонки авруосиёии рушд (БАОР), ки идоракунандаи Фонди авруосиёии субот ва рушди бонк аст ва Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди қарзи молӣ дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА барои дастгирии ислоҳоти ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар давоми солҳои 2016-2017 созишномаи қарзӣ ба имзо расид.
Зери созишнома аз ҷониби БАОР раиси Раёсати бонк - Дмитрий Панкин ва аз ҷониби Тоҷикистон - вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён имзо гузоштанд.
Дар маълумоти ба ин муносибат интишоршудаи БАОР зикр мегардад, ки Тоҷикистон ҳамаи шартҳо барои пешниҳоди қарзро, ки бо қарори Шӯрои Фонди авруосиёии субот ва рушди бонк аз 8 декабри соли 2015 муқаррар шуда буд, ба иҷро расонидааст.
Қобили зикр аст, ки ин қарз бо ду қисмат интиқол ёфта , қисмати аввал ба маблағи 20 млн. доллари ИМА ахири моҳи август - даҳаи аввали моҳи сентябр дастрас мешавад.
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Аз 8 то 20 соли зиндон. Беш аз 30 нафар бо иттиҳоми қасди акти террористӣ дар Ваҳдат зиндонӣ шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Сергей Лавров аз афзоиши эҳсоси зидди муҳоҷират дар Русия нигаронӣ кард
“Азия-Плюс” ба ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва барои рушди рақамӣ мутахассисонро ҷалб менамояд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Абулҳасани ҳарақонӣ ва зани нобоби ӯ”
Ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу илм ва мудофиа. Агентии зиддифасод фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард
Ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон афзудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста