- Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем», - изҳор дошт ба «Азия-Плюс» роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов.
Ба гуфтаи ӯ, тасмими пеш аз муҳлат супурдани ду иҷозатнома ба сабабҳои объективӣ вобаста буда, он асосан ба сиёсати номақбули андоз дар ҷумҳурӣ дахл дорад.
«Мо ду моҳ пеш Вазорати энергетика ва Саридораи геологияро дар бораи нияти супардани иҷозатномаҳо огоҳ карда будем. Сухан сари он меравад, ки дар шароити ҳозираи андозбандӣ ва нархҳо ба нафт, дар ин самт кор кардан фоидаовар нест. Агар имконият диҳанд, мо дигар лоиҳаҳоро баррасӣ мекунем, аз ҷумла роҳандозии фаъолият дар майдонҳо ё конҳои қаблан кашфшудаи минтақаи шимоли Тоҷикистон», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки тӯли таоми солҳои фаъолият дар Тоҷикистон ширкати Gazprom International 6 млрд. рубли русӣ хароҷот кардааст, ки ҳудуди 1,5 млрд. рубл барои пардохти андозҳо равона гардидааст.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон - дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад. Дар ин бора дар ҳисоботи семоҳаи интишоршудаи ширкат хабар дода мешавад.
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста