Аз моҳи июли соли равон баъди аз ҷониби Қазоқистон боло бурдани нархи гази моеъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе арзиши он тақрибан 30% афзуд.

Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши гази моеъи пойтахт 1 литр гази моеъ бо арзиши 3,6 сомонӣ фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи июл нархи 1 литри он ба 2,8 сомонӣ баробар буд.

Қобили зикр аст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 221,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии он ба Қазоқистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 60%-и воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯшро дар пайи афзоши нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон аз эҳтимол дур надониста буд. Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоштанд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, аз 1 июли соли равон Қазоқистон  нархи онро беш аз 2 баробар  боло бурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд.