Дар доираи амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) барои интихоби паймонкори сохтмони зеристгоҳи табдили барқ дар Сангтӯда бо иқтидори гузаронидани 1300 МВт нерӯи барқ тендер эълон шуд. Ин иншоот ҷараёни тағйирёбандаи барқеро, ки минбаъд ба Афғонистон интиқол дода мешавад, ба ҷараёни доимӣ табдил медиҳад.
Бино ба маълумоти сомонаи лоиҳа, ҳамчунин барои сохтмони чунин зеристгоҳ дар Навшаҳри Покистон низ тендер эълон шуда, тибқи ҷадвали нав, паймонкори бунёди зеристгоҳҳо дар Сангтӯда ва Навшаҳр моҳи феврали соли оянда муайян карда мешавад. Ғайр аз ин, сохтмони зеристгоҳи табдили барқ бо иқтидори газронидани 300 МВт дар Кобул низ дар назар аст.
Дар доираи лоиҳа хатти 477 километраи интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи Датка (Қирғизистон) то Хуҷанд сохта шуда, Сангтӯда, Кобул ва Пешовар бо хатти баландшиддати интиқоли барқи 750 километра пайваст мешаванд.
Барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 харҷи 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА, аз ҷумла 801 млн. баҳри бунёди зербино ҷиҳати интиқоли барқ ва боз 30 млн. барои дастгирии лоиҳа пешбинӣ шудааст.
Буҷети тахминии барномаи дастгирии хонаводаҳо дар доираи лоиҳа 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳаҷми хароҷоти марбут ба тадбирҳои экологиву иҷтимоӣ 20 млн. доллари ИМА ва хароҷоти ғайримунтазира 145 млн. доллари ИМА арзёбӣ шудааст. Барои пардохти андоз ва фоизҳо зимни сохтмони хатти интиқоли барқ 104 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки Бонки ҷаҳонӣ (дар доираи Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд) сармоягузории асосии лоиҳаи CASA-1000 мебошад. Муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2020 муқаррар шудааст.
Дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқ барои таҳвили нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст. Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳа 12 сентябри соли равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки сарони кишварҳои узви лоиҳа доир гардид.