Аҳолии минтақаи деҳоти Тоҷикистон аз қатъи мунтазами интиқоли барқ аз оғози ҳафтаи гузашта иттилоъ медиҳанд.
Ба баъзе ноҳияҳо 14-16 соат дар як шабонарӯз интиқоли барқ қатъ мегардад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит)-ро рад намуда, ин ҳолатро ба «корҳои таъмиру барқарорсозӣ» нисбат медиҳанд.
Сокинони чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз 12 октябр шабонарӯзӣ ҳамагӣ муддати 8-10 соат бо барқ таъминанд.
Бино ба маълумоти торнамои Шабакаи миллӣ оид ба шаффофият ва ҳисоботнокӣ дар бахши таъминот бо барқ Barknest.tj, ки яке аз захираҳои Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мебошад, рӯзи 16 октябр ба аҳолии ноҳияи Файзобод - ҳамагӣ 7,5 соат ва ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва Тоҷикобод - 8 соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Вазъи қариб ба ин монанд дар бархе аз ноҳияҳои вилояту Суғду Хатлон низ ба мушоҳида мерасад. Айни замон танҳо аҳолии ВМКБ 24 соат бо нерӯи барқ таъмин аст.
Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки алҳол лимити истифодаи барқ ҷорӣ нашуда, барои ин қарори дахлдори ҳукумат зарур аст.
«Ҳозир чунин санад ба мо нарасидааст, зеро барои содир шудани он алҳол зарурате вуҷуд надорад. Гоҳе дар минтақаҳо қатъ шудани интиқоли барқ ба корҳои таъмиру омодагии дастгоҳу таҷҳизот вобаста аст», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки маъмулан нимаи тирамоҳ ба ҷуз марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ, дар Тоҷикистон реҷаи истифодаи маҳдуди нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, ки қариб то нимаи баҳори соли дигар, то афзоиши сатҳи ҷоришавии оби дарёи Вахш идома меёбад.
Дар давраи тирамоҳу зимистон нерӯи барқ аз ҳисоби оби тобистон дар обанборҳои неӯгоҳҳои барқи обӣ ҷамъшуда истеҳсол мешавад. Соли гузашта лимит аз 18 октябр ҷорӣ гардида, аз аввали ин моҳ аллакай дар бораи маҳдудияти барқ маълумот мерасид.