Доктори улуми иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов бо хулосаи Вазорати молия оид ба камсамар будани фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) аз рӯи низоми толлингӣ комилан розӣ аст.
«Дар аввал ҳам муқобили гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ будам. Ин «методи дақёнусӣ» аст, ки ба ҳилаву найранг ва фиребгарӣ нигаронида шудааст», - гуфт профессор.
Коршинос қайд кард, ки ба воситаи ин низом шахсони муайян тариқи минтақаҳои оффшорӣ ба пулшӯйӣ машғул мешаванд. «Хулласи калом, ин низом воситаест барои ғорати корхона, ки айни замон давлат амалиёти онро пурра таҳти назорат дошта наметавонад», - чунин мешуморад ӯ.
Қаюмов дар идома гуфт, моҳияти масъала дар он аст, ки ширкати алюминий бояд Тоҷикистонро «хӯронаду пӯшонад», вале дар асл корхонаро давлат дастгирӣ мекунад.
Номбурда таъкид дошт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ корхона бидуни миёнараве метавонад мустақилона худашро бо ашёи хом таъмину маҳсулот истеҳсол карда, онро фурӯшад. «Дар шароити иқтисоди бозорӣ ин тарзи кор судмандтарин аст», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки барои истеҳсоли алюминий дастрасӣ ба нерӯи барқи арзон омили асосӣ аст. «ТАЛКО муддати тамоми сол бо тарифҳои пасттарин бо нерӯи барқ таъмин аст», - илова кард профессор.
Ёдрас мекунем, ки дар ҳисобот доир ба фаъолияти ТАЛКО давоми солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 интишоршуда аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки гузаштани ТАЛКО ба низоми толлингӣ ба он оварда расонид, ки имрӯз ширкат бо зиён фаъолият дорад.