Дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор кард, ки сарфи назар аз мушкилоти дар бонкҳои Тоҷикистон пайдошуда дар соли равон оид ба баргардонидани пасандозҳои амонатгузорон, сатҳи эътимоди аҳолӣ ба бонкҳои кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 9,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали соли равон 13% ё худ 1,1 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки аз оғози сол бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 5,8 млрд. сомонӣ қарзҳо додаанд.

Номбурда зикр кард, ки сатҳи таваррум дар соли равон ба гумони ғолиб 7%-ро ташкил дода, соли оянда низ чунин андозаи мизони таваррум пешгӯӣ мешавад.

Дар мавриди ба эътидол овардани вазъи марбут ба баргардонидани маблағҳои амонатгузоштаи аҳолӣ дар чанде аз бонкҳо, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода изҳор намуд, ки санаи 2 декабр дар Душанбе оид ба ин масъала ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон доир мегардад. «Бовар дорам, ки пагоҳ ба ҳаллу фасли ин масъала нуқта гузшта мешавад», - итминон дод раиси БМТ.