Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ (ИБГ) бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Гуфта мешавад, сохтмони навбати якуми «Маркази барқу гармидиҳӣ Душанбе -2» бо иқтидори 100 мегават моҳи ноябри соли 2012 оғоз гардида буд. Он то соли 2014 бунёд ёфта, бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Соли 2015 корҳои сохтмонӣ дар навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 бо иқтидори умумии 300 мегават неруи барқ ва 167 гикакалория гармӣ оғоз гардида, иншоот пеш аз муҳлат дар муддати 17 моҳ ба анҷом расонида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони Маркази барқу гармидиҳӣ
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Зикр мегардад, ки дар доираи лоиҳаи сохтмони Маҷмааи истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Шаҳринав», 110 киловолтаи «Ҳисор» ва сохтмони хати интиқоли барқи 110 киловолтаи «Ҳисор-Шаҳринав» ба нақша гирифта шуда, то ин муддат ишооти мазкур пурра мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст.

Зимни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти муҳимро ба ҳозирин муборакбод гуфта, пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 - ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт иқдоми назаррас барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва гармӣ арзёбӣ кард. Баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шуданд.